Як мард дар ҳолати мастӣ дар хонаи зане марди дигарро лату кӯб кардааст, ки боис ба ҳалокати марди дуюм гардидааст.

20-уми август, ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Номбурда, ҳамон рӯз, тахминан соати 01:45, дар хонаи истиқоматии зани 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, дар ҳолати сархушӣ бо марди 32-солаи маҳаллаи Чашма ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст. Дар натиҷаи ин муноқиша ва зарбу лат марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь