Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон куштори бераҳмона сурат гирифтааст, ки аз ҷониби як зани 25-сола, дар заминаи хусумати шахсӣ, анҷом дода шудааст. Дар Душанбе даъвои як ноболиғ бо ноболиғи дигар бо кордзанӣ хотима ёфтааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ёвон дар якчоягӣ бо кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон гумонбари куштори сокини ноҳияи Ёвон Воҳидова Ҷамила Артеловна, ки 3-юми июли соли равон бо як бераҳмии махсус дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматиаш, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав, бо истифода аз корди ошхона ба ҳалокат расонида шуда буд, дастгир кардаанд. Ин нафар Ғафурова Умеда, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Обшорони ноҳияи Ёвон, будааст, ки бо хусумати шахсӣ даст ба куштор задааст.

Нисбати Ғафурова Умеда дар Прокуратураи ноҳияи Ёвон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғи 17-солаи сокини кӯчаи пойтахт, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда 1-уми июли соли равон, тахминан соати 20:00, дар назди бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе бо ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3 маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь