Роҳбари гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ (дар Тоҷикистон манъ карда шудааст) Абу Бакр ал-Бағдодӣ дар Сурия ҳангоми амалиёти махсуси артиши ИМА кушта шуд, хабар медиҳад Fox News бо истинод ба як манбаъи низомӣ ва намояндаи баландпояи маъмурияти ИМА.
Тибқи иттилои манобеи низомии ин канал, “ҳадафи боарзише аз Давлати Исломӣ” тавассути нерӯҳои низомӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида дар вилояти Сурияи Идлиб нест карда шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки сухан дар бораи Бағдодӣ аст.
Баъдтар, суханони ин манбаи ҳарбӣ аз ҷониби намояндаи баландпояи маъмурияти ИМА тасдиқ карда шуд.
Дар бораи нобуд шудани пешвои ДИИШ аз Newsweek низ хабар дода шуд, ки намояндаи артиши ИМА ва CNN ба истинод ба ин манбаъҳо ишора мекунад.
Ғайр аз ин, президенти ИМА Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттераш гуфт, ки “чизи муҳиме” рух додааст, аммо чӣ будани онро дақиқ накард. Кохи Сафед, низ дар навбати худ, ин паёми раҳбари амрикоиро бознашр кардааст, аммо ҳамчунин нагуфтааст, ки чӣ воқеа рух додааст.
Иттилоот дар бораи макони будубоши пешвои ДОИШ дар натиҷаи пурсиши яке аз занҳояш дар тобистони имсол ба даст омадааст, гуфтааст The New York Times бо истинод ба ду манбаъ.
Дар натиҷа, хадамоти иктишофии Амрико тавонистанд макони тахминии Бағдодиро пайдо кунанд, гуфтааст рӯзнома. Маълумоти бадастомада ба роҳбарияти Идораи марказии кашфи (CIA) Иёлоти Муттаҳида дар ҳамкорӣ бо иктишофии Ироқ ва Курд имкон фароҳам оварданд, ки макони ҷойгиршавии ӯ дақиқтар муайян карда шавад ва одамон ба ин минтақа барои пайгирии ҳаракатҳояш фиристода шаванд.