Вализода Икромиддин, раиси ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, 13 омӯзгори мактабҳои ноҳияро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намуда, ба онҳо сертифакати заминҳоро туҳфа кард.

Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати беҳтар намудани вазъи шароити зиндагонии омӯзгорон, бахусус омӯзгорони ҷавон, дастгирии ҳамоҷонибаи сиёсати иҷтимоипарваронаи Президенти мамлакат, роҳбарияти ноҳия дар марҳилаи аввали нақша ба 13 нафар омӯзгори ноҳия ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигиро супориданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси ноҳияи Кушониён хабар доданд.

Бояд қайд намуд, ки соҳаи маорифи ноҳия зери таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, сохтмон ва бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳия бо маром идома доранд.

Таъмин гаштани як қатор омӯзгорони ноҳия бо замини наздиҳавлигӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти ноҳия ба ин қишри муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хоса доранд. Омӯзгорон дар навбати худ ҳангоми суҳбати самимӣ бо раиси ноҳия, пеш аз ҳама миннатдории хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баён намуда, ваъда доданд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, рушди соҳа саҳми арзандаи хешро гузошта, барои иштироки фаъолона ва ба дастовардҳои назаррас ноил гаштани  шогирдонашон  дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ,  олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тамоми донишу малакаи худро равон хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь