Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон 949 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шуданд, ки аз онҳо 491 нафар зан мебошанд.

Комил Махсудинов

Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Кӯшониён Комил Махсудинов гуфт, ки дар ин давра ба раёсат 1 ҳазору 558 нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат карданд, ки аз онҳо 1 ҳазору 494 нафарашон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, қариб ҳамаи онҳо бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимиву муваққатӣ таъмин гардиданд.

Дар идомаи суҳбат ин шахси масъул афзуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ 193 нафар зану духтару мард аз руйи шаш ихтисос – дӯзандагӣ, чакандузӣ, қӯроқдузӣ, сангтарошӣ, дуредгарӣ ва гулдузӣ  ба таҳсил ҷалб гардида, соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ ба 30 нафар қарзҳои имтиёзнок ба маблағи зиёда аз 109 ҳазор сомонӣ дода шудааст.

– Ҳамчунин, дар ин давра ба раёсат  597 нафар ҷавоне, ки аз  хизмати ҳарбӣ баргаштаанд, аз маҳбас озод шудаанд  ва аз ташкилоту идораҳо ихтисор шудаанд, муроҷиат кардаанд, ки ба 272 нафарашон 252 ҳазор соомнӣ маблағ дода шудаст, -илова кард Комил Махсудинов.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь