Имрӯз, 26 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар кӯчаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи духти либосҳои миллиро ифтитоҳ кард.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода, гуфтанд, духтарон ройгон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Бино ва мағозаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Сафаров Амиралӣ дар асоси нақша чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Бинои мазкур дар кӯчаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён қомат афрохта, тибқи нақша аз 4 ошёна иборат мебошад ва дар ошёнаи якум мағозаи армуғон, ҳунарҳои мардумӣ ва сехи духти либосҳои миллӣ ва дар се ошёнаи дигар 8 адад манзилҳои истиқоматии иборат аз 1 ва 2 хуҷрагӣ бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2023 оғоз гардида, пас аз ба истифода додан, 7 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь