Дар асоси пешниҳоди раиси Ҷамоати деҳоти шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён Қурбонзода А.В. аз 15 декабри соли 2022 таҳти №261 ва хулосаи сармутахассис – заминсози ҳамин Ҷамоат – Ҳасанов Ф.Р. масоҳати 9,92 гектар қитъаи замини корами обӣ ва фонди давлатии оби тарҳҳои 113, 114 ва 115а-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии “Ф.Саидов”-и ноҳияи Кӯшониён бархилофи талаботи моддаҳои 9, 91, 29 ва 64 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 172 ва 95-98 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 12 январи соли 2023, таҳти №17 ба ҶДММ “Рушди иқтисоди Водии Вахш” барои сохтмони истироҳатгоҳ ғайриқонунӣ дода шудааст.

Ба ғайр аз ин, дар асоси дархости раиси Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён Қурбонзода А.В. аз 11 августи соли 2023, таҳти №111 ва хулосаи сармутахассис – заминсози ҳамин Ҷамоат Ҳасанов Ф.Р. масоҳати 0,044 гектар қитъаи замини фонди давлатии оби тарҳи 41а-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии “Ф.Саидов”-и ноҳияи Кӯшониён хилофи талаботи қонунгузории замин парвандаи танзими замин омода гардида, дар натиҷа бо қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 18 августи соли 2023, таҳти №585 қитъаи замини зикршуда ба шаҳрванд Раҷабов М. барои сохтмони мағоза ғайриқонунӣ дода шудааст.

Ба ҳамин монанд, бо дархости раиси Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён Қурбонзода А.В. ва хулосаи сармутахассис – заминсози ҳамин Ҷамоат Ҳасанов Ф.Р. масоҳати 0,036 гектар қитъаи замини фонди давлатии оби тарҳи болозикршуда ба шаҳрванд Оймаҳмадов С. барои сохтмони мағозаи тиҷоратӣ ғайриқонунӣ дода шудааст.

Аз ин рӯ, 11 апрели соли 2024 аз тарафи прокуратураи вилоят ба қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳияи Кӯшониён эътироз оварда шуда, нисбати Қурбонзода А.В., Ҳасанов Ф.Р. ва дигарон бо моддаи 338 нишонаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Аламов М.И,

прокурори калони бахши назорати

иҷрои қонунгузори  замини прокуратураи вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 3:  

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь