Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарии кории худ ба вилояти Хатлон дар дар ноҳияи Кӯшониён корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни “Вахш Саноат”, Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб ва Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Кӯшониён ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли мотосиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногуни “Вахш Саноат”-ро ба истифода доданд. Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дар масоҳати 15 ҳазору 325 метри мураббаъ бунёд шудааст.
Корхонаи истеҳсолӣ аз сехи истеҳсоли қисмҳои оҳанини воситаҳои нақлёт, қитъаи ба шаклдарории маҳсулоти фулузӣ, қитъаи кафшергарию сайқалдиҳии фулузот, сехи рангубордиҳии қисмҳои оҳанин, қитъаи рангдиҳию хушккунии ҷузъҳои калонҳаҷм ва хурдҳаҷми фулузӣ, инчунин сехи васлу насби ниҳоии воситаи нақлиёт иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ ва масъулини соҳа маслиҳат доданд, ки дар оянда то 90 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёти барқиро дар дохили кишвар истеҳсол намоянд.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш доданд, ки 20 аробачаи маъюбӣ ба эҳтиёҷмандони ноҳия туҳфа намоянд.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид. Дар корхана истеҳсоли зиёда аз 30 намуди чунин воситаи нақлиёт, аз ҷумла 5 намуд мотосикл, 6 навъ мотороллер, 15 хел скутерҳои дучарха ва 5 гуна сечарха ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази ташхисию табобатии “Авитсена” дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров бунёд шуда, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам оварда шудааст.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд шудааст.
Дар Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб 30 нафар, аз ҷумла 10 табиб, 12 корманди миёнаи тиббӣ ва 8 корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.Бинои Муассисаи таълимии томактабӣ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз 2 ошёна ва 8 ҳуҷраи таълимӣ барои кудакон иборат мебошад. Ҳамзамон дар бинои асосии Муассисаи томактабӣ ҳуҷраҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, ошхона ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Масоҳати умумии иншооти таълимӣ 4500 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати дигари муассиса майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ сохта шудааст. Саҳни бино пура сафолакпуш гардида, гирду атрофи он бо гулу дарахтони сояафкан оро ёфтааст. Иншооти соҳаи маориф бо маблағи зиёда 14 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шудааст. Муассиса дорои нуқтаи гармидиҳӣ буда, дар фасли сармо биноро бо гарми таъмин менамояд.