Барои мунтазам ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кушониён 290 тонна маводи зиддӣ лағжиш, 12,5 тонна намак, 1500 литр сӯзишворӣ ва дигар маводҳо омода карда шудааст.

Сардори муассисаи мазкур Ҷовид Ҳакимзода ба “Фараж” хабар дод, ки барои тоза кардани роҳҳо аз барф дар зимистон  5 техника вобаста карда шудаст, ки 4 адади онҳо пурра омодаанд. Барои гарм нигоҳ доштани утоқҳои кории  кормандон 1 тонна ангишт, 5 куб ҳезум захира шуда, утоқҳои корӣ бо печҳои барқиву аловӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин рӯзҳои наздик барои ҳама кормандони муассиса либосҳои зимистона харида мешавад.

Дар тобеияти ин Муассиса 230 клометр роҳҳо вобаста шудааст, ки аз он 178 км роҳҳои маҳалӣ, 34,8 км роҳҳои байналмилалӣ ва 16,9 км роҳҳои ҷумҳуривӣ мебошанд.

Аксар ронандагони воситаҳои нақлиёт дар фасли сармо аз он гила мекунанд, ки ҳангоми яхбанди шудани роҳҳо масъулон бештар роҳҳои маркази ноҳия ва роҳҳои байналмилаливу ҷумҳуривиро тоза мекунанду роҳҳои маҳаллӣ аз назар дур мемонанд ва ин ҳолат боиси ба мушкили ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт мегардад.

Ҷовид Ҳакимзода гуфт, воқеан ҳам гуфтаҳои ронандгон дуруст аст, зеро норасоии техникаҳо боиси саривақт тоза нагаштани роҳҳои маҳаллӣ мегардад, вале мо имсол кушиш мекунем, ки роҳҳои маҳалиро низ аз барф тоза кунем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь