Дар ноҳияи Кӯшониён вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар 337 адад иншооти хурду бузурги иҷтимоию саноатӣ, фарҳангию фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки то 1 январи соли 2021-ум 258 адад иншоот ба истифода дода шуданд.
Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин гуфт, ки ҳоло дар боқимонда 85 адад иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, давра ба давра, то ҷашнӣ бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳанд шуд.
– Корхонаҳои саноатии ноҳия дар соли сипаригашта корро дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дуруст ба роҳ монда, истеҳсоли маҳсулотро ба 278 миллиону 394 ҳазору 900 сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 55 миллиону 550 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад, – илова кард раиси ноҳия.