Дар Сеул бар асари фишори издиҳоми одамон дар ҷараёни таҷлили Ҳеллоуин 151 нафар ба ҳалокат расиданд. Президенти Куриёи Ҷанубӣ як ҳафта дар ин кишвар мотами миллӣ эълон кард.

Хабаргузории Yonhap бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ хабар дод, ки теъдоди қурбониёни ин ҳодиса дар Сеули пойтахти Кореяи Ҷанубӣ дар ҷараёни таҷлил аз Ҳеллоуин ба 151 нафар расид. Қаблан дар бораи кушта шудани 120 нафар гузориш шуда буд.

Фоҷиа дар ноҳияи Итаевони Сеул рух дод, ки дар он ҷо клубҳои шабона, тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳои зиёде то бевақт кор мекунанд. Дар он ҷо аввалин ҷашни оммавӣ бидуни ниқоб пас аз лағви маҳдудиятҳои қарантин баргузор шуд.

То ҳол шарҳи расмии ҳодиса эълон нашудааст, аммо бино ба гузоришҳои расонаҳо аз ҷойи ҳодиса фишори издиҳом пас аз афтодани чанд нафар дар хиёбонҳои танг оғоз шудааст. Мардум дар минтақаи Итаевон барои шабнишиниҳо ҷамъ омаданд. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки рӯзона мардум ба ҷашнвора омадан гирифтанд ва то шом кӯчаҳои танг аз ҳазорон нафар пур шуданд. Полис қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳоро дар атрофи маҳалли ҳодиса бастааст. Сӯхторнишонҳо ва пизишкон маҷбур шуданд, ки маҳалларо девор дар иҳота гиранд, то вуруди одамонро пешгирӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь