Дар бораи роҳандозии мусобиқаҳои понздаҳуми байналмилалии гӯштии тарзи кураш, ки барои мукофоти президенти Ӯзбекистон ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ бахшида шуд, қаблан иттилоъ дода будем. Ин мусобиқаҳои байналмилалӣ шоми 11 апрел анҷом пазируфт.

Дар он аз 27 кишвари дунё меҳмонону паҳлавонон ширкат карданд. 10 апрел, рӯзи ифтитоҳи ин мусобиқаҳо дар байни мардҳо дар вазнҳои -81, -90 килограм ва дар байни занҳо дар вазнҳои -48, -57, -63 ва -70 килограм зӯрозмоиҳо сурат гирифтанд. Дар вазни 81 килограм Оламафрӯз Абдураҳмонов сазовори ҷои дуюм ва 2 ҳазор доллари амрикоӣ гардид.

11 апрел мардҳо дар вазнҳои -60, 66, -73 ва дар вазни мутлақ ва занҳо дар вазни +70 килограм вориди сабқат гардиданд ва ғолибон соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Дар вазни 60 килограм паҳлавони тоҷик Муҳаммадризо Қувватов бо паҳлавони ӯзбек Абдулазиз Ҳамроев рӯи қолин баромад ва бар ҳарифи худ пирӯз шуд. Муҳаммадризо Уквватов соҳиби 3 ҳазор доллари амрикоӣ шуд.

Дар вазни 73 килограм Ҳусайнӣ Илсоқзода дар бозиҳои нимфиналӣ аз ҳарифи ӯзбекистонии худ мағлуб шуд ва сазовори ҷои сеюм гардид. Вай 1 ҳазор доллар соҳиби ҷоиза шуд.

Дар вазни мутлақ ду паҳлавони тоҷик-Дадахон Қурбоналиев барои сабқат дар бозии финалӣ рӯ ба рӯи ҳам омаданд. Неъматулло Асранқулов дар ин мусобиқа бартариро ба вакили кишвари худ Дадахон Қурбоналиев дод ва худи ӯ дар ин вазн сазовори як ҷои сеюм ва 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 паҳлавони тоҷик Дадахон Қурбоналиев дар мусобиқаҳо барои гиромидошти хотираи адиби маъруф ва машҳур, яке аз рубоисароёни адабиёти классикии форсу тоҷик Паҳлавон Маҳмуд қаҳрамони мутлақ ва соҳиби ҷоизаи асосии мусобиқаҳо шудааст. Ин мусобиқаҳо дар шаҳри Хива баргузор гардидааст.

Ба ин тартиб, рӯзи охир паҳлавони ӯзбек Мӯҳсин Ҳисомиддинов ва паҳлавони тоҷик Дадахон Қурбоналиев дар бозии финалӣ вориди қуваозмоӣ шуданд. Дар ин муҳориба қувваҳо тақрибан баробар буданд, бо вуҷуди ин Мӯҳсин Ҳисомиддинов бо бартарии минималӣ бар ҳарифи тоҷики худ-Дадахон Қурбоналиев пирӯзи мутлақи ин мусобиқаҳо дониста шуд.

Мӯҳсин Ҳисомиддинов барои ишғоли ҷои аввали мусобиқаҳои мукофоти президенти Ӯзбекистон, ки барои гиромидошти муҳаддис, олим ва адиб Ҳаким Тирмизӣ дар маркази маъмурии вилояти Сурхондарё-шаҳри Тирмиз баргузор гардид, барои пирӯзӣ дар бозии финалӣ соҳиби ҷоизаи асосӣ-10 ҳазор доллари амрикоӣ ва Дадахон Қурбоналиев соҳиби 5 ҳазор доллари амрикоӣ гардиданд.

Ногуфта намонад, ки тақрибан ҳамаи паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқаҳо соҳиби мукофотҳо шуданд ва бо рӯҳи болидаву табъи шод ба кишвари худ-Тоҷикистон баргаштанд.

Агар ба таври умумӣ назар кунем, ғолибони ин мусобиқаҳоро ба ин тартиб метавон тасниф кард.

Занҳо дар вазни 70 килограм:

  1. Камолиддинова Покизахон (Ӯзбекистон)
  2. Амаева Азман (Қазоқистон)
  3. Эргашева Филура (Ӯзбекистон)
  4. Гусева Владлено (Русия)

Мардҳо дар вазни 60 килограм:

  1. Қувватов Муҳаммадризо (Тоҷикистон)
  2. Ҳамроев Абдулазиз (Ӯзбекистон)
  3. Қурбонов Акобир (Ӯзбекистон)
  4. Сейлхан Қанат (Қазоқистон)

Мардҳо дар вазни 66 килограм:

  1. Аҳмедов Қобилҷон (Ӯзбекистон)
  2. Ҳамроев Атабек (Қазоқистон)
  3. Бӯриев Руслан (Ӯзбекистон) 3.
  4. Шуайб Муҳаммадюсуф (Афғонистон)

Мардҳо дар вазни 73 килограм:

  1. Сапарбоев Собир (Қазоқистон)
  2. Абдуллоев Умедҷон (Ӯзбекистон)
  3. Содиқов Ӯрол (Ӯзбекистон)
  4. Илсоқзода Ҳусайнӣ (Тоҷикистон)

Мардҳо дар вазни мутлақ:

  1. Ҳисомиддинов Мӯҳсин (Ӯзбекистон)
  2. Қурбоналиев Дадахон (Тоҷикистон)
  3. Имомов Яҳё (Тоҷикистон)
  4. Асранқулов Неъматулло (Тоҷикистон)

Мукофотҳои ин мусобиқаҳоро ба ғолибон раиси Иттиҳодияи байналмилалии кураш Ҳайдар Фармон, ноибони нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Беҳзод Мӯсоев, ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва дигар шахсони расмӣ тақдим карданд.

Бо ҳамин мусобиқаҳо барои ҷоизаи президенти Ӯзбекистон, ки ба хотираи Ҳаким Тирмизӣ баргузор гардид, шоми 11 апрел ба давраи ниҳоии худ расид. Инак, ин бозиҳои понздаҳум ба шумор меравад ва баъди ду сол боз ин мусобиқаҳо дубора паҳлавононро ба канори худ хоҳад пазируфт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори хоси “Фараж”.

Тошканд-Тирмиз-Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь