Кумитаи миллии олимпии кишвар мегӯяд, маблағи 75 ҳазор сомонии Ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ барои оварандагони медали тиллои мусобиқоти Осиё дар намудҳои олимпии варзиш пас аз ҷамъбасти сол ба соҳибаш мерасад.
Ин дар ҳолест, ки сару садо дар мавриди напардохтани ин миқдор маблағ ба чемпиони имсолаи бокси Осиё Баҳодур Усмонов шунида мешавад.
Бархеҳо бар он назаранд, ҳеҷ нафар ё ширкате, ки қаблан ба бонуи муштзани тоҷик, ҷоизадори бозиҳои олимпии Лондон дар соли 2012 Мавзуна Чориева ваъдаи мукофотпулӣ ва кӯмак карда буданд, то ҳол ба ваъдаашон вафо накардаанд ва ҳамин тавр, Баҳодур Усмонов низ.
Сухангӯи Кумитаи олимпии миллии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, овозаҳо дар мавриди напардохтани маблағҳои ваъдагӣ ба оварандагони медалҳои тилло ба Ватан асос надоранд.
– Ин ҷоизаи Президенти Тоҷикистон аст ва соли 2015 таъсис дода шудааст. Он танҳо, баъди баргаштанаш, ба гурзпарто Дилшод Назаров, ки соли 2016 аз Чемпионати бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Женейро бо медали тилло ба ватан баргашт, дода шуда буд. Ҷоизаи мазкур ҳамасола баъд аз ҷамъбасти соҳа ба чемпионҳо дода мешавад. Қаблан, тибқи низомнома ҳуҷҷатҳо таҳия шуда, ба комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод мешавад. Комиссия омӯхта мебинад. Охирҳои моҳи декабр амри Президент содир мешавад ва моҳи январ дар маросими ҷоизасупорӣ маблағ ба ғолибон дода мешавад, – иброз дошт Умаралӣ Сафаралӣ.
Мураббии Баҳодур Усмонов Мирзо Шамсиев дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, бо сабаби дер ба охир расидани Чемпионати бокси Тоҷикистон, онҳо ҳуҷҷатҳои Усмоновро 3-юми апрел пешниҳод карданд.
– Дар якҷоягӣ бо Федератсияи бокси Тоҷикистон рӯзи 12 апрел ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дастгирии молиявӣ ва иштироки Усмонов дар Чемпионати Осиё ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардем. Новобаста ба он ки ҳуҷҷатҳо дер пешниҳод карда шуд, 15 апрел фармоиши раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ба имзо расид. Кумита барои ин сафар маблағи 16 952 сомонӣ ҷудо кард, ки аллакай онро гирифтем ва пурра хароҷоти сафарро пӯшонд, – гуфт Шамсиев.
Бино ба гуфтаи номбурда, барои хароҷоти роҳ ва буду боши Баҳодур Усмонов дар Тайланд ҳудуди 14 500 сомонӣ харҷ кардаанд.
Тибқи хабарҳо, рӯзи 4 май роҳбари Клуби варзишии «Ҳоҷӣ Шариф» Эргаш Маҳмадбеков ба қаҳрамон ва мураббияш 50 ҳазор сомонӣ ҷоиза додааст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 24 апрели соли равон дар Чемпионати варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаров дар равияи гурзандозӣ (дар шаҳри Доҳаи Қатар) бо натиҷаи 76.14 метр ва Баҳодур Усмонов 26 апрел дар Чемпионати бокси Осиё дар вазни 64 кг (дар шаҳри Бангкоки Тайланд) сазовори медали тилло гардиданд.
Ҳоло бошад, варзишгарон ба Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук (27.09-6.10.10.2019, Доҳа) ва бокс (7-21.09.2019, Екатеринбург), ки мусобиқаҳои муҳим барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 маҳсуб меёбанд, омодагӣ мебинанд.