Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, теъдоди аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо дар кишвар зиёд шудааст. Бино ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, пошхӯрии оилаҳо дар соли 2018-ум назар ба соли 2017-ум 913 адад бештар будааст.

Раиси Кумитаи занон ва оила Идигул Қосимзода дар ин бора имрӯз, 13-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

– Аз ҷониби САҲШ-и кишвар дар соли гузашта ақди никоҳи 82 556 нафар оилаи ҷавон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб 11 013 оила пош хӯрдаанд. Агар сабаби асосии ҷудошавии оилаҳо вазъи нохуби иқтисоди оилаҳо, муноқишаи байни аъзои хонавода, номувофиқатии муносибати  келину хушдоман, зӯроварии хонаводагӣ бошад, дар мавриди дигар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Мардони дар муҳоҷиратбуда ба хотири пешбурди фаъолияти минбаъдаи худ маҷбуранд, ки шаҳрвандии Русия дошта бошанд. Аз ин рӯ, ҷудошавии ақди никоҳи расмии оилаҳо ба гирифтани шаҳрвандии Русия рабт мегирад, – гуфт мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар Сабоҳат Мамадалиева.

Гуфта шуд, соли 2017-ум  ақди никоҳи расмии 78 757 оила дар кишвар ба қайд гирифта шуда будааст, ки аз он 10 100 ададаш аз ҳам пош хӯрдаанд.

Ҳамчунин, ба Кумита 1622 нафар барои пешгирии зӯроварӣ дар оила муроҷиат кардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2017-ум 42 адад кам будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь