Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар якҷоягӣ бо Маркази исломшиносӣ ва Вазорати тандурустӣ тасмим гирифтааст, ки гуруҳи корие таъсис дода, кори табибони халқӣ ва фолбинҳоро назорат кунад.

Ин нуктаро раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Давлатзода Сулаймон, дар ҷараёни нишасти матбуотии ниҳодаш, ки 5-уми феврал доир шуд, ба самъи рӯзноманигорон расонд.

– Дар мавриди ба ҷодугарӣ машғул шудани шаҳрвандон дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар гардида, фаъолияти ғайриқонунии фолбинҳову ҷодугарон манъ карда шудааст, – гуфт Давлатзода Сулаймон. –  Гурӯҳи ташкилкардашуда назоратро аз фаъолияти кории табибони халқӣ оғоз карда, муайян месозад, ки амали кадом табиб ба меъёрҳои илмиву тандурустӣ ҷавобгӯ ҳасту, то куҷо метавонад ба суди мардум хизмат кунад.

Вай афзуд, ки ҷодугарӣ хоси ҷомеаи тоҷик нест, вале кишварҳои Ғарб аз хизмати ситорашиносон васеъ истифода мебаранд.

– Мардум ба фолбинҳо ва ҷодугарон бо як ирода ва боварӣ муроҷиат мекунанд, лекин фолбинҳо аз дониши пасти сокинон истифода карда, онҳоро фанду фиреб менамоянд. Ин тоифа “мулло”-ҳо дар миёни аҳолӣ на бо дониши динӣ, балки бо ҷодугариашон шуҳрат ёфтаанд, – таъкид кард Давлатзода Сулаймон.

Мутаасифона, солҳои охир ҳолатҳои зиёди ба фаъолияти ғайриқонунии фолбиниву ҷодугарӣ  машғул шудани аҳолӣ ошкор мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь