Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 дар асоси 476 дархост 6404 номгӯӣ адабиёти динӣ, 35 дафтар, 9678 варақаи ҳамагӣ дар ҳаҷми 1151670 саҳифа, баробар ба 71979,37 ҷузъи чопӣ, инчунин 1044 фита, 38 телефони мобилӣ, 2 ноутбук ва 8 флешкорти дорои 13710 сабтҳои видеоӣ ва аудиоиро мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор дод. Аз ин теъдод ба 311 дархост хулосаи манфӣ ва ба 165 хулосаи мусбат дода шуд.

Инчунин, аз ҷониби кормандони кумита дар Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ-криминалистӣ 108 ташхиси диншиносӣ гузаронида шуда, ба онҳо хулосаи дахлдор дода шудааст.

Ин адабиётҳо аз ҷониби мақомотҳои дахлдор пешниҳод ва аз ҷониби мутахассисон санҷида мешавад. Вобаста ба ин мавзуъ ба суоли рӯзноманигорон Давлатзода Сулаймон раиси кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳо чунин посух дод:

– Аз миқдоре, ки соли сипаригардида ба унвони кумита ворид гардида буд, ба 311 мавод хулосаи манфӣ дода шудааст. Бештари онҳо дар сомонаҳои интернетӣ буда, характери ифротӣ доранд.

Шаҳзода Ашуралиева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь