Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина, зимни мулоқот бо Ван Йӣ, ҳамтои чинии худ дар Чин, гуфт, Киев ба музокирои ҳалли мусолиматомези низоъ бо Русия омода аст.

“Украина тайёр ва омода аст дар муколама ва музокирот бо Русия ширкат кунад. Албатта, гуфтушунид бояд оқилона ва асоснок бошад ва мақсад аз он ба даст овардани сулҳи одилона ва пойдор бошад», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Ван Йӣ қайд кард, ки бӯҳрон дар Украина се сол боз идома дорад ва хатари авҷ гирифтани он боқӣ мемонад. “Мо ҳама талошҳоро барои таҳкими сулҳ дастгирӣ мекунем ва омода ҳастем, ки минбаъд низ дар оташбас, қатъи амалиёти ҷангӣ ва азсаргирии музокироти сулҳ нақши созанда нақши миёнаравро иҷро кунем”, гуфтаанд аз Вазорати хориҷаи ЧИН.

Қаблан президенти Украина Владимир Зеленский гуфта буд, ки Украина метавонад то охири сол “марҳилаи гарм”-и ҷангро хотима диҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь