Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз сафари қарибулвуқуи котиби Шӯрои амнияти Русия ба Душанбе хабар дод. Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев 31-уми октябри соли ҷорӣ вориди Душанбе – пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дар ин сафар дидори Патрушев бо Президент ва ҳамчунин, чанде аз мақомоти Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Сафари котиби Шӯрои амнияти Русия ба Тоҷикистон то аввали ноябр идома хоҳад кард.

Ҳамчунин, 29-уми октябр то аввали ноябр раиси парламенти Арманистон Ара Баблоян низ ба Душанбе сафар мекунад. Раиси парламенти Арманистон дар ин сафар бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла, Президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва раиси Маҷлиси миллии МО Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дидор ва масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориҳо миёни парламентҳои 2 кишварро баррасӣ хоҳад кард. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь