То шоми дирӯз дар Тоҷикистон 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи беморон дар муддати аз 30-юми апрел то 13-уми июл ба 6595 нафар расидааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз аз 6595 нафар 5278 нафар, ё 80 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 55 нафар фавтидаанд. «Шабонарӯзи охир 184 нафар гумонбар зери назорати табибон қарор доштанд ва 50 нафар баъд аз муолиҷа ба хона рухсат шуданд», гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти ин вазорат.
Блоки рекламавӣ