Баста шудани сарҳад ва қатъ гардидани равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар, мушкилоти сокинони наздимарзиро ба миён овардааст. Гузаргоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки қаблан сокинон тавассути он ба Ӯзбекистон ворид мешуданд, субҳи 23-юми март баста гардиданд.
Дар ҳамин ҳол, як сокини шаҳри Душанбе ҳангоми суҳбат бо хабарнигори Farazh.tj гуфт, “ҳамсараш 14-уми март ба Ӯзбекистон ба дидорбинии хешовандонаш рафта, қарор буд пас аз даҳ рӯз ба Тоҷикистон баргардад”.
– Мутаассифона, баста шудани сарҳад монеи омадани шавҳарам ба Тоҷикистон шуд, – гуфт Саломат Муруватова. – Ҳамсарам бемории қанд ва фишорбаландӣ дорад. Айни замон, вазъи саломатиаш бо сабаби иваз шудани обу ҳаво бад гардидааст.
Саломат соҳиби 2 фарзанди мактабхон ва як кӯдаки хурдсол буда, бори зиндагиашро бо ҳамсараш якҷоя мекашанд. Ӯ дар хонаи иҷора зиндагӣ карда, ҳар моҳ 1 ҳазору 200 сомонӣ маблағи иҷора месупорад. Саломат дар яке аз ошхонаҳои пойтахт ошпаз шуда кор мекунад.
– Наметавонам, худам дар танҳоӣ маблағи иҷораро супорам, зеро ҳамагӣ 700 сомонӣ маош мегирам. Пайдо шудани коронавирус низ то ҷое ба кори ошхонаҳо халал ворид кардааст, – мегӯяд Саломат.
Ин зан чанд рӯз қабл барои баргардонидани ҳамсараш ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кардааст, лекин, мегӯяд то ҳол аз вазорат посухи мушаххасе нагирифтааст.
Саломат Муруватова аз он изҳори нигаронӣ дорад, ки дар Ӯзбекистон, мабодо ҳамсараш ба вируси Covid-19 мубтало шавад, зеро, алакай 159 нафар дар ин кишвар ба коронавирус гирифтор шуда, 2 нафар ҷон додаанд.
Пеш аз бастани сарҳад эълон карда буданд, то “табар мусулмон” шудана корро дар вақташ иҷро карда, давлату ҳукумат ва ё каси дигарро гунаҳкор накунед!!!!!