Воксини таҷрибавӣ алайҳи COVID-19, ки аз ҷониби ширкати амрикоии Moderna таҳия шудааст, дар марҳилаи аввали таҳқиқот тавонистааст дар ҳама ихтиёриён системеи вокунишро фаъол кунад. Ин маълумотро маҷаллаи New England Medicine нашр кард.

Таҳқиқот нишон дод, ки баъзе подтанҳо (антитела) пас аз як вояи воксин ба вуҷуд омадаанд, аммо пас аз чор ҳафта вояи дуюм талаб карда шуд, ки пас аз он воксин дар ҳама 45 ихтиёрӣ вокуниши қавиеро ба вуҷуд овард.

Тибқи гуфтаҳои директори иҷроияи Moderna Стефан Бансел, натиҷаҳои “рӯҳбаландкунанда ва як қадами муҳим дар пешрафти клиникии mRNA-1273, номзади мо барои воксинаҳои COVID-19 мебошанд”.

Тибқи натиҷаҳои рӯзи сешанбе интишоршуда, ҳодисаҳои ногуворе, ки пас аз эмгузаронии дуюм дар ҳаҷми 100 микрограмм ба қайд гирифта мешаванд, ин хастагӣ, шамолхӯрӣ, дарди сар ва дарди мушакҳо буданд, ки ба зудӣ рафъ шуданд ё хеле сабук ва ҳиснашванду буданд.

Дар таҳқиқот 45 ихтиёрии солим аз 18 то 55-сола дар Сиэттл ва Донишгоҳи Эмори дар Ҷорҷия ширкат варзиданд. Ба иштирокчиёни таҷриба се сатҳи воксини Moderna дар ҳаҷми 25, 100 ва 250 микрограм дода шудаанд.

Интизор меравад, 27-уми июл, Moderna, ки омӯзиши васеътари воксини санҷишии сеюмро оғоз мекунад, ки 30 000 иштирокчиӣ аз 87 макон ҷамъ меоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь