Тибқи иттилои рӯзномаи Ҳонгконг South Chinа Morning Post шоми рӯзи 2-юми март шумораи одамоне, ки ба вируси Covid-19 мубтало шудаанд, дар саросари ҷаҳон 90 ҳазору 182 нафарро ташкил додааст.
Аз шумораи умумии беморон 80 ҳазору 26 нафар дар кишвари Чин ва дар кишварҳои дигари ҷаҳон шумораи мубталоёни коронавирус то 1 ҳазору 515 нафар афзудааст, ки нисбат ба рӯзи 1-уми март 1,7 ҳазор ҳолат зиёд шудаааст.
Тибқи иттилои Интерфакс дар Кореяи Ҷанубӣ 4 ҳазору 335 нафар сироятёфта ба вирус ба қайд гирифта шудаанд, 26 нафар бар асари коронавирус фавтидаанд. Дар Италия 2 ҳазору 36 нафар бемор ва 52 нафар бар асари бемории мазкур ҷон бохтаанд. Дар Эрон 1 ҳазору 500 нафар ба вируси нав мубтало гаштаанд, ки 66 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти охирин коронавирус дар 57 кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод боиси нигаронии мардуми ҷаҳон гаштааст. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи вазири Вазорати тандурустии кишвар ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.