То имрӯз дар ҷаҳон 46,4 миллион нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд ва 1,2 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумораи шифоёфтагон 31 миллион нафар аст.
Шумораи бештари гирифторони ин вирус дар ИМА ҳастанд, ки 9,28 миллион нафаранд. Чун дар Амрика ташхис густурда ба роҳ монда шудааст, ба ҳамин далел теъдоди бештари гирифторони ин вирус маълум карда шудаанд. 231 ҳазор кас дар ин кишвар аз ин сироят фавтидаанд.
Дар Ҳиндуст наздики 8,24 миллион нафар гирифтори CoViD-19 шудаанд, ки 123 ҳазор кас ба ҳалокат расидаанд. Дар Бразилия, ки дар ин рӯйхат сеюм аст, 5,55 миллион каси сироятшуда маълум шудаанд. Дар ин ҷо 160 ҳазор кас қурбони ин вирус гаштаанд. Дар Русия 1,64 миллион нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки 28 235 кас ҷон додаанд.
Дар Тоҷикистон то шоми дирӯз шумораи умумии гирифторон 11054 нафарро ташкил мекард. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ дар як рӯз 37 ҳолати нави сироят аз вирус ба қайд гирифта шудааст. Дар як ҳафта расман 1 нафар аз ин вирус ба ҳалокат расидааст, ки шумораи умумии фавтидагон 82 нафар аст.