Як ширкати ҳавопаймоии Британия бори аввал дар таърих ба фурӯши ашё оғоз кард. Ширкат он ашёҳоеро, ки ҳангоми хизматрасонии мусофирон дар ҳавопаймо истифода мешаванд, мефурӯшад, то мусофирон баъдан онҳоро дар хона ҳам истифода баранд, хабар медиҳад Travel and Leisure.

Сайёҳон метавонанд пиёлаҳо, табақҳои сохтаи Уилям Эдвардс, инчунин, зарфҳои шӯрбову равғангирӣ, сабадҳои нон, ҷевонҳо ва дастрӯймолҳоро бихаранд. Инчунин, аробаҳое, ки пешхизматҳои ҳавопаймоҳо тавассути онҳо барои мусофирон хӯрок меоранд, дар рӯйхати фурӯшанд.

– Ин имкони беҳтаринест, ба сайёҳон барои дар ёд доштани лаззати парвоз, – гуфтааст Каралина Мартинолӣ – бренд-директори ширкат.

Ин иқдом на танҳо бо далели зарар дидани ширкат бо сабаби паҳншавии коронавирус гузаронида мешавад, балки чунин тасмим ба ширкат имкон медиҳад, ки анборҳои худро аз ашёҳои зиёдатӣ тоза кунад ва мусофирон ашёи гаронарзишро бо нархи паст, ки баъзан чор маротиба ҳам арзонтар аст, харидорӣ кунанд.

Гулрӯ Суҳробзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь