Субҳи имрӯз директори Донишгоҳи миллии тандурустии  ИМА Энтони Фаучӣ арз кардааст, ки ваксина бар зидди коронавирусро бо гузашти ним моҳ метавонанд таҷриба кунанд, аммо барои истифодаи васеъ ним сол вақт лозим аст, то ваксина омода шавад, хабар медиҳад ОИР “Новости”.

Дар манбаъ омадааст,  ки дар марҳилаи якум таҷрибаи ваксина  то 3 моҳ давом мекунад. Дар ин зина ваксинаро дар 45 нафар меозмоянд, дар давраи дуюм “ба садҳо ва ҳатто ҳазорҳо  нафар” метавонанд  озмуда бинанд.

– Агар бо суръати ракета корро тезонем ҳам, натиҷаи дилхоҳ  то 6-8 моҳ тӯл мекашад, аз ин рӯ, дастрасии ваксина барои истифодаи васеъ нимсола вақт  металабад, – гуфтааст Фаучӣ.

Гуфта мешавад, ки шумораи сироятшудагон дар Чин 77,6 ҳазор нафар,  фавтидагон 2663 ва  наздик ба 27 ҳазор нафар сиҳат шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь