Раиси Ҷуқорги Кенеси Қароқалпоқистон, ҷонишини раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Ӯзбекистон Мӯсо Ерниёзов 31-уми июл дар синни 72-солагӣ бар асари сирояти бемории коронавирус аз олам даргузашт.
Ба ин муносибат 1-уми август дар шаҳри Нукус – пойтахти Ҷумҳурии Қароқалпоқистон маросими видоъ бо Мӯсо Эрниёзов баргузор гардид. Дар ин маросим президент Шавкат Мирзиёев ба пайвандони Эрниёзов ва мардуми кишвар изҳори таслият кард.
Вай гуфт, ки Мӯсо Ерниёзов дар тӯли фаъолияти нимасраи худ ба ҳайси пешво ва шахсияти арзанда дар миёни мардум шинохта шуд. Ба гуфтаи сарвари давлати Ӯзбекистон Мӯсо Ерниёзов барои боло бурдани иқтисоди Қароқалпоқистон, беҳбуди ҳаёти мардуми шаҳрҳо ва авулҳо саъй ва кӯшиши зиёд ба харҷ дод.
– Зиндагӣ ва кор кардан дар Қароқалпоқистон, ки фоҷиаи Аралро паси сар менамояд, худаш як қаҳрамонист. Мӯсо Ерниёзов роҳбари қаҳрамони чунин мардуми қаҳрамон буд. Фаъолияти ӯ дар мақоми Раиси Ҷуқорги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар муддати 18 сол аз ин қаҳрамонии ӯ шаҳодат медиҳад, – изҳор кард Шавкат Мирзиёев.
Дар маросим ҳамчунин қайд гардид, ки ҷонишини раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мӯсо Ерниёзов дар рушд ва устувории қонун барои тамоми манотиқи кишвараш саҳми арзанда гузоштааст.
– Бо марҳамати Худованди пок Мӯсо Ерниёзов дар рӯзҳои барои тамоми мардуми мусалмон хеле бузург – иди Қурбон ин дунёро тарк кард. Вай аз худ номи нек, мероси хуб ва хотираҳо боқӣ гузошт. Донишмандон гуфтаанд: “Мурдан барои мардум аз нав тавлид ёфтан аст”. Ном ва хотираи ин шахсияти бузург дар таърихи кишварамон барои ҳамеша сабт хоҳад шуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ин маросим раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Қаҳрамон Сариев ва шахсони дигари расмӣ иштирок карданд ва роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Мӯсо Ерниёзов хотираҳои неки худро баён карданд.
Ҷасади Мӯсо Ерниёзов дар қабристони “Шорша бобо”-и шаҳри Нукус ба хок супурда шуд. Интизор меравад, ки ин қабристон дар рӯзҳои наздик ободу зебо мешавад ва ба зиёратгоҳи мардум табдил меёбад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд