Мақомоти Ҷумҳурии халқии Чин тасдиқ кард, ки субҳи 16-уми феврал роҳбарияти кишвар вазнинии вазъро дар паҳн шудани коронавирус барвақттар медонист, вале мардумро аз ин ҳолат дертар огоҳ кард. Дар ин баёния гуфта шудааст, дар рӯзҳои аввали эпидемия, ки яке аз мушкилоти ҷиддии Чин буд, Си Ҷин Пин нақши ғайрифаъол дошт. Си Ҷин Пин танҳо, рӯзи 21-уми январ, замони авҷи босуръати эпидемия, фармон баровард, ки дар Чин қарантин эълон шавад.
– 22-юми январ, бо дарназардошти паҳншавии босуръати эпидемия ва мушкилоту пешгирии он, ман дархости возеҳ додам, ки устони Ҳубей ҳамаҷониба ва қатъӣ назорат шавад, – гуфтааст Си Ҷин Пин.
Бино ба иттилои Агентии хабарии Синхуа субҳи имрӯз шумораи ҳалокшудаҳо аз хуруҷи коронавирус дар Чин ба 1770 нафар расидааст., ки ин нисбат ба рӯзи якшанбе105 нафар зиёд аст. Вазорати тандурустии ин кишвар гузориш додааст, ки то 17-уми феврал дар Чин 2 ҳазору 48 нафар сирояти нави коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯйи нишондоди субҳи имрӯзи ТУТ шумораи умумии сироятшудаҳо ба 70 ҳазору 548 нафар расидааст.
Вазорати тандурусти афзудааст, ки бо вуҷуди паҳншавии босуръати коронавирус ҳолат ба таври қатъӣ аз тарафи комиссияи махсус назорат мешавад. Аммо роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебеюс ҳушдор додааст, ки “пешгӯйи кардани ин эпидемия ғайриимкон аст”.
Тедрос дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки як гуруҳ коршиносони байналмилалӣ ба Пекин рафтаанд, то бо ҳамтоёни чинии худ дар мавриди эпидемия гуфтушунид анҷом диҳанд.