То имрӯз, 1-уми июл, беш аз 10,5 миллион нафар дар ҷаҳон аз коронавируси COVID-19 сироят ёфта, зиёда аз 514 ҳазор нафар аз ин беморӣ вафот кардаанд. Шумораи шифоёфтагон беш аз 5,7 миллион нафар аст, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ).

Тибқи маълумоти нави СҶТ, дар шабонарӯзи гузашта 174 264 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 072 нафар сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 10 590 955 нафар ва теъдоди фавтидагон 514 021 кас мебошад.

Ҳамзамон, то имрӯз дар ҷаҳон 5 798 973 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 727 853 нафар), Бразилия (1 408 485), Россия (647 849), Ҳиндустон (585 792), Британияи Кабир (312 654), Испания (296 351), Перу (285 213), Чили (279 393), Италия (240 578) ва Эрон (227 662) дохил мешаванд.

Мувофиқи омори рӯзи гузашта, шумораи беморони COVID-19 дар Тоҷикистон 5954 нафарро ташкил карда, 4568 кас шифо ёфтаанду 52 кас ҷон бохтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь