Бо ибтикори МИҲД- и шаҳри Панҷакент имрӯз дар толори бузурги маҷмаааи эҷоди фарҳангии ба номи устод Лоиқ, ба муносибати Рӯзи пизишкон бо ширкати табибони шаҳру деҳоти Панҷакент як ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Нишасти идонаро раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар оғоз  кард ва кормандони соҳаи тибро шодбош гуфт.

Холиқзода зимни суханронии хеш, аз ҷумла, зикр кард, дар ин рӯзу шабоне, ки ҷаҳонро  пандемии хатарзои  COVID-19 фаро гирифтааст, пизишкон наҳаросида, ҷони худро ба каф гирифта, дар ҳифзи саломати ҳазорон мардум ҳастанд. Ӯ барои ин ҷоннисориитабибон изҳори миннатдорӣ кард.

Сипас, ба як гуруҳ пизишкҳо, ҳамшираҳои шафқат ва кормандону тамизкорони муасисаҳои тиббии шаҳру рустоҳои Панҷакент шаҳодатномаву унвонҳои фахрии Тоҷикистон, Ифтихорномаю сипосномаҳои ҳукумати шаҳр ва туҳфаҳои пулию молӣ супорида шуд.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги шаҳр консерти ҷолиби идона барои табибон намоиш дода шуд.

Шоҳин Облоқулзода,

Самад Самадов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь