Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷойи кораш амалиётгари нозири маркази хизматрасонии филиали ҶСК “Бонки Эсхата”, ҳамчун гумонбар дар исрофкорӣ ё азхудкунӣ дастгир карда шудааст.
Муайян карда шудааст, ки номбурда, дар давраи фаъолияти кориаш санаи 16-уми сентябри соли 2017, аз хазинаи филиали бонк 27000 сомониро гирифта, аз худ ва ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Оид ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ