Шаҳрванд “А” ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки нисбати корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара бо лақаби “Командир” чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Ба гуфтаи ин шаҳрванд номбурда бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз ӯ барои аз хидмати ҳарбӣ озод намуданаш 1800 доллар талаб намудааст.

Зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ёрдамчии калони сардори зершуъбаи даъват ва таёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссаритаи ҳарбии шаҳри Исфара капитан Эгамов Эгам Худойбердиевич баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 1800 доллар дастгир карда шуда, маблағи зикргардида аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Агентӣ.

Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Эгамов Эгам Худойбердиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь