Корхонаҳои саноатии маркази маъмурии вилояти Хатлон–шаҳри Бохтар давоми соли 2021-ум ба мабалғи 268,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2020-ум 49, 7 миллион сомонӣ зиёд аст. Аммо мутаассифона 12 корхона истеҳсолро кам карда, се корхонаи дигар тамоман фаъолият накардаанд.
Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давалтии шаҳри Бохтар Афзал Юсуфзода дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки дар шаҳр ҳамаги 50 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, ки соли гузашта 3 адади он тамоман фаъолият накарданд, 12 корхонаи дигар бошад истеҳсоли маҳсулоташонро кам карданд.
Манбаъ гуфт, аз 50 корхонаи саноатии шаҳр дар ин давра 12 адади он, аз ҷумла ҶСК “Матбаи Хатлон”, ҶДММ “Нобиноён”, “Дилором”, “Ист Котон”, Коргоҳи дузандагӣ “Саманди ҳака”, “Ҳоҷиён”, “Нуралӣ”, “Империя Ҳукум”, “Сафар фарма” ва “Нуралӣ 0101” ба пастравии истеҳсолот роҳ доданд.
– Омилҳои ба паст равии истесҳсолот роҳ додани ин корхонаҳо кам будани ашёи хом, набудани харидор, фармоишгар, надоштани иҷозатнома ва дигар сабабҳо аст, – афзуд ӯ.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2021 ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагӣ”, ҶДММ “Маркази ҳунаромузӣ” ва ҶДММ “Майрамби” тамоман фаъолият накардаанд.
– Ин корхонаҳоро самти фаъолияташгон дӯхти сарулибос мебошад, ки аз сабаби надоштани фармоишгар фаъолият накарданд, – илова кард Афзал Юсуфзода.
Манабъ афзуд, ки дар назар аст, ки соли 2022 дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар 7 коргоҳу корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, коркарди меваю сабзавот, қубур, гӯгирд ва чанд корхонаи дигар, бунёд карда шаванд.
– Дар корхонаи гӯгирд қариб 80 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом раисдаст, дар назар аст, ки корхонаи мазкур дар арафаи ҷашни Наврӯз ба истифода дода шавад, ки дар Осиёи Миёна мислаш нест, – илова кард номбурда.