Роҳбари Кореяи Шимолӣ дар ҷаласае дар бораи тарҳҳои озмоиши мушакӣ дар ҳамла ба Гуам ба фармондеҳони низомии кишвараш дастур додааст артишро барои ҳамла ба таври бояд омода кунанд.
Пхенян бомдоди рӯзи сешанбе эълон кард, роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Ҷунг Ян дар ҷараёни тарҳҳо барои озмоиши мушакии наздики Гуам қарор гирифтааст.
Ким Ҷунг Ян дар ин ҷаласа гуфтааст, ки Америка бояд «тасмими дуруст»-ро барои пешгирӣ аз вуқӯи даргирии миён ду кишвар бигирад. Вай ҳамчунин ба фармондеҳони низомии Кореяи Шимолӣ дастур додааст, то артиши кишварро барои ҳамла, дар сурате, ки зарурати ин иқдом эҳсос шавад, омода кунанд.
Роҳбари Кореяи Шимолӣ илова бар ин гуфтааст, ки мехоҳад муддати бештаре наззорагари иқдомҳои америкоиҳо бошад, қабл аз он ки барои ҳамла тасмим гирад.
Ким Ҷунг Ян гуфтааст: «Америка, ки нахустин кишваре буд, таҷҳизоти ҳастаии роҳбурди худро наздики мо ҷой дод, бояд аввал тасмими дуруст гирад ва бо иқдомоташ нишон диҳад, ки моил ба рафъи танишҳо дар Куриё аст ва дар ниҳоят аз вуқӯи як даргирии хатарноки низомӣ ҷилавгирӣ кунад».