Зани 61-солаи шаҳрванди Корея, бо сироят ёфтанаш ба вируси корона 37 нафар ибодаткунандаи калисои Шинҳонҷи шаҳри Дегуи Кореяи Ҷанубиро мубталои ин вирус кардааст.
Ба гуфтаи мири шаҳри Дегу Квон Янг Ҷин бори аввал 10-уми феврал табларза вуҷуди ин занро фаро гирифтааст. Дар натиҷаи ду бор ташхис кардан бо далели ба наздикӣ ба хориҷ сафар накардани зан ташхисаш мусбӣ арзёбӣ шудааст. Мубталошавии сокинон боис шудааст, то тамоми калисоҳои Шинҳонҷи Кореяи Ҷанубӣ баста шаванд.
Калисои Шинҳонҷ 1001 нафар ибодаткунанда дошта, то кунун 23 аъзои ин калисо ба вируси карона гирифтор шудаанд. Дар ҳисоботи вазорати тандурустии Кореяи Ҷанубӣ 82 ҳолати гирифтори ба вируси нав ба қайд гирифта шудааст.
Дар кишвари Ҷопон низ субҳи 19-уми феврал барои бори аввал дар киштии қарантинии “Диамонд Принсес”, ки даҳҳо нафар дар он ба табобат фаро гирифта шуда буданд, ду нафар пиронсол ба ҳалокат расиданд.
Дар ҳамин ҳол, Чин эълон кардааст, ки шурӯъ аз 2-юми март тарзу усули нави мубориза ба муқобили эпидемияро ба роҳ мемонад.
Маҳсулоте, ки ба талабот мувофиқат мекунад, мутобиқи рӯйхате, ки Комиссияи гумруки шӯрои давлатӣ интишор намудааст, аз Амрико ворид гардида, таҷҳизоти интиқоли хун ва асбобҳои ченкунии фишрои хунро дар бар мегирад.
Вазорати тандурустии Хитой иттилоъ додааст, ки шумораи гирифторони вируси нав дар муқоиса ба рӯзҳои гузашта , танҳо 394 нафар афзоиш ёфта, шумораи фавтидагон 114 нафар мебошад. Теъдоди фавтидагон дар макони хуруҷи вирус – музофоти Ҳубей, рӯзи 19-уми феврал, ба 2029 нафар расидааст.