Акнун зану шавҳар низ дар баҳсҳои оилавӣ бештар аз корд истифода мекунанд, ки боиси нигаронист. Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз ду ҳодисаи муноиқаши оилавӣ хабар дод, ки дар яке аз ин ҳолатҳо мард ба тани ҳамсари худ бо корд зарба задааст.
Марди 26-солаи сокини ноҳияи Вахш 22-юми октябри соли 2017, тахминан соати 02:00, дар манзили истиқоматиаш дар рафти муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 19-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ин мард бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир карда шудааст.
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри мазкур муроҷиат кардааст, ки рӯзи 17-уми октябри соли 2017, тахминан соати 16:30, дар бозори марказии шаҳри Турсунзода собиқ шавҳараш, марди 38-солаи сокини деҳаи Садоқат ӯро бе ягон асос латукӯб карда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 400 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбати ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.