Бародарон дар шаҳри Ҳисор байни ҳам даъво кардаанд ва яке ба тани дигаре бо корд 3 маротиба зарба задааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.
Сокини 52-солаи шаҳри Ҳисор дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, рӯзи 28-уми октябри соли 2017, дар манзили истиқоматиаш бо бародараш, марди 41-сола даъвои оилавӣ кардааст. Ӯ дар рафти муноқиша бо корд 3 маротиба ба аъзои бадани додараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ