Шаҳри Конибодом дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, 26-уми октябр, нақшаи пахтасупориро иҷро кард.
Иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар ин шаҳри пешрафтаи кишвар ба 102,6 % расонида шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 1500 тонна зиёд аст. Ин бурдбориро меҳнаткашони шаҳри Конибодом аз хизмати арзандаи раиси шаҳр Давлатзода Зафарбег арзёбӣ мекунанд.
Тибқи маълумот, қариб ҳамаи ҷамоатҳои деҳот дар бораи аз уҳдаи иҷрои дурнамо баромаданашон ба раиси шаҳр ҳисобот додаанд.
Дар иҷрои нақшаи пахтасупорӣ, махсусан, нақши деҳқонони ҷамоати деҳоти Ғ. Ортиқов, ҶСШК “Энаҷон Бойматова” ва ҷамоати деҳоти Р. Ҳамробоев арзанда арзёбӣ карда мешавад, ки ҳар кадом ба хирман аз 100 то 500 тонна пахта супоридаанд.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ
Блоки рекламавӣ
Кони бодом кони пахта шуд, ку?