28-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит ва Институти ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масоили муҳими назария ва амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити муосир» гузаронида шуд.

Дар кори конфронс зиёда аз 40 муҳаққиқ аз Федератсияи Русия, Казоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба таври фосилавӣ ширкат карданд. Ҷаласаи умумиро муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илми иқтисод, дотсент Зарина Қодирова ифтитоҳ карда, аз номи раёсати донишгоҳ барои баргузории чунин ҳамоиши илмӣ, ширкати фаъолонаи муҳосибони касбӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Дар рафти ҷаласа номзади илмҳои иқтисод, дотсент М.Шобеков доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор С.Низомов, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А.Мирзоалиев, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Б.Каримов, инчунин ба тариқи фосилавӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон муҳосиби касбӣ, сарвари Институти авруосиёгии муҳосибони касбӣ Н.Алимбетов, дотсентони Донишгоҳи молиявии Федератсияи Русия номзади илмҳои иқтисодӣ Х.Нурмухамедова ва И.Сафонова баромад карда, дар мавриди мушкилоти рушди ҷомеавии касби муҳосиб дар шароити рақамигардонии фаъолият ибрози андеша карданд.

Ба ғайр аз ин, сардори раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудитории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Умаров баромади пурмуҳтаво карда, зарурияти бадастории гувоҳномаи «Муҳосиби касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», гузаронидани аудити ҳатмии ҳисоботи молиявии субъектҳои манфиати умумро қайд кард.

Дар охири ҷаласа ба зиёда аз 50 намояндаи амалия ва назарияи илми муҳосибӣ, азҷумла профессорон Хушвахтзода Қ.Х., Уроқов Д.У., Раҷабов Р.К., Шарифов З.Ш., Низомов С.Ф., дотсентон Абдураҳимов А., Содиқов С.И., Каримов Б.Ҳ., Қурбонов А.Р., соҳибкасбони шодравон Исоев Р.С., Мирзохонов С.О., инчунин муҳосибони касбӣ Хонов Н., Тулибоев И., Комарова О. Қодирзода Ш.  бахшида ба 20-солагии Институти ҷамъиятӣ гувоҳномаҳои ифтихорӣ барои саҳми арзанда дар рушди касби муҳосибӣ супорида шуд.

Бояд қайд кард, ки Институти ҷамъиятӣ ягона иттиҳодияи касбии муҳосибони амалкунанда дар ҷумҳурӣ буда, тӯли 20 соли фаъолияти худ дар рушди касбияти муҳосибони ватанӣ саҳмгузор аст. Институт бо вуҷуди мустақилият, муҳимтарин дастоварди кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити донишгоҳ буда, дар айни замон чун ҳамшарики Институти Авруосиёгии муҳосибони касбӣ (EICPA) фаъолият дорад. Вобаста ба ин, ба 27 нафар намояндаи касб гувоҳномаҳои муҳосибони касбии байналмилалӣ ва ба 5 нафар гувоҳномаҳои «Муҳосиби касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 670 нафар муҳосиб дорои гувоҳномаҳои муҳосиби касбии байналмилалӣ буда, зиёда аз 40 нафар бо гувоҳномаҳои «Муҳосиби касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь