Дар назди Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар сохтмони бемористони замонавӣ иборат аз 5 ошёна ва беш аз 50 кати хоб идома дорад, гуфт иҷрокунандаи директори коллеҷи мазкур Дилбар Самадова дар нишасти хабарӣ.
Ба иттилои ӯ, иншооти мазкур дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли далватии кишвар ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, аз ҳисоби маблағҳои муассиса бунёд мешавад, ки барои корҳои сохтмонӣ ва харидории таҷҳизоти замонавии тиббӣ 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ масраф хоҳад шуд.
Гуфта шуд, ки дар таҳхона ва ошёнаи якум маркази ташхисӣ, дар ошёнаи дуюми бино шуъбаи амрози дарунӣ бо 36 кат ва дар ошёнаи сеюм шуъбаи ҷарроҳӣ бо 22 кат ташкил карда мешавад, ки ҳардуи ин шуъбаҳо бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин мегарданд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошиёнаи панҷуми бемористон идоиа доранд.
Қайд гардид, ки донишҷуёни коллеҷ дигар ба бемористонҳо барои таҷрибаомӯзӣ нарафта, дар худи коллеҷ ҳам ба таълим ва ҳам ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.