Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” тибқи дастуру супоришҳои роҳбари давлат  бо харҷи  7 миллион сомонӣ беморхонаи панҷошёнаи  замонавӣ бунёд мешавад.

Директори коллеҷи мазкур Иброҳим Мусоев иттилоъ дод, ки беморхона аз 30 кат иборат буда, дар он тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ насб карда мешавад.

– Корҳои сохтмонӣ ҳоло дар беморхона бо маром идома дошта, қарор аст, то ду соли оянда сохта шавад, – илова кард ӯ.

Ба гуфти директори коллеҷ,  дар таҳхона ва ошёнаи якуми бино маркази ташхисӣ ҷойгир карда мешавад. Ошёнаи дуюм беморхона буда, дар он 30 кати рахти хоб бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ошёнаи сеюм ва чорум ҳамчун ҳуҷраҳои таълимӣ барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

– Самти асоси беморхона ба бемориҳои дарунӣ, аз қабили роҳҳои нафас, дилу рагҳо ва меъда равона хоҳад шуд, – афзуд Мусоев.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь