Ҳафтуми сентябри соли ҷорӣ дар толори хурди “Шарқи озод” рӯнамоии китоби “Бобои Эшон”, ки ба зиндагӣ ва фаъолияти журналисти саршинос Аслиддин Достиев бахшида шуда буд, доир гардид.

Китоби мазкур бо ибтикор ва сарпарастии МИҲД – и шаҳри Кӯлоб ва нашрияи СССР ба дасти хонандагон расид. Муҳаррири китоб публисист ва рӯзноманигори маъруф Умари Шерхон буда, китоб бо теъдоди 1000 дона нашр гардидааст.

Аслиддин Достиев яке аз поягузорони журналистикаи маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон буда, ҳамраҳ бо Аҳмади Иброҳим ва Турко Дикаев дар рушду нумӯи матбуоти маҳаллӣ ҳиссаи сазовор гузоштааст. Мавсуф фаъолияти эҷодиашро аз оҷонсии иттилоотии “Хатлон – пресс” оғоз намуда, баъдтар ба симмати хабарнигори оҷонсии “Варорӯд”, радиои “Имрӯз”, ҳафтаномаи “Минбари халқ” дар минтақаи Кӯлоб, баъдтар ба сифати мухбири махсуси нашрияи “СССР” дар водии Кӯлоб ва баъдан ба ҳайси хабарнигори ҳафтавори “Пайк” (шаҳри Кӯлоб) фаъолият дошт.

Достиев Аслиддин бо ҷасорат ва таҳлили мавзӯъҳои доғ пешгоми журналистони шаҳри Кӯлоб буд ва то ҳоло ҳам навиштаҳои вай муҳимияти худро гум накардаанд. Дар китоби мазкур ба ҷуз аз ёдоварӣ аз муаллиф, ҳамчунин шаш маводи беҳтарини мавсуф ҷой дода шудаанд.

Дар ҳамин баробар, 16 – солагии нашрияи СССР ва ҳабдаҳсолагии маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ба ин сана рост омад, ки ҳозирини маҳфил ба ҳамкасбони хеш муваффақияту комёбӣ таманно намуданд.

Зоҳири Сайфулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь