Клуби футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри «Ҳисор» бо дастаи футболи ин шаҳр – «Барқчӣ» дар вохӯрии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол мубориза бурд.
Ин вохӯрӣ дирӯз, 4-уми октябр, баргузор шуд. Вохӯрии якуми ин дастаҳо дар Хуҷанд бо ғалабаи «Хуҷанд» ба анҷом расида буд. Дар он вохӯрӣ хуҷандиҳо бо ду гол ғолиб омада буданд. Барои ба финал баромадан ба онҳо бохт бо ҳисоби камтарин ҳам басанда буд, аммо барои ҳисориҳо ғалаба бо таносуби се гол лозим буд. Ҳисобро дар охирҳои қисми якум шогирдони Мубин Эргашев кушоданд. Ин корро капитани «Баркчӣ» Шериддин Бобоев анҷом дод. Дар охири қисми дуюм ҳисориҳо маротибаи дуюм дарвозаи меҳмононро сӯрох карданд. Ин навбат Ваҳдат Ханонов буд, ки ҳисобро ба 2:0 расонд. Вақти асосӣ бо ҳамин ҳисоб ба охир расид ва натиҷаи умумӣ 2:2 шуд. Мувофиқи низомнома ба бозӣ ду қисми 15-дақиқаӣ илова карда шуд. Голҳои задаи Дилшод Бозоров (дақикаи 102) ва Шоҳрух Раҷаматов (дақикаи 109) «Хуҷандро ба финали Ҷоми Тоҷикистон бароварданд.
Маротибаи охир хуҷандиҳо дар финали ин мусобиқа 7 сол пеш дар мавсими 2010 бозӣ карда буданд ва бо ҳисоби бузурги 0:5 аз «Истиқлол»-и Душанбе шикаст хурда буданд.
Ҳарифи «Хуҷанд» дар финали Ҷоми Тоҷикситон оид ба футбол баъди баргузории бозиҳои нимфинал байни дастаи «Истиқлол» ва КМВА «Помир» маълум мешавад.