Роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чин Ин дастур додааст, хатти телефон бо Кореяи Ҷанубӣ бори дигар барқарор шавад, то дар бораи масъалаҳои рӯз миёни ҳам гуфтугӯ кунанд.
Бар асоси баёнияи телевизиони Кореяи Шимолӣ ин кишвар қасд дорад гуфтугӯ бо мақомоти Кореяи Ҷанубиро оғоз кунад. Музокироти ду тараф қарор аст дар бораи масоили марбут ба Бозиҳои олимпии замистонаи Кореяи Ҷанубӣ бошад.
Ким Чин Ин дар паёми соли нави мелодӣ гуфта буд, кишвараш барои гуфтугӯ бо Кореяи Ҷанубӣ омодааст ва идома дод, ки ду кишвар бояд танишҳои низомӣ дар нимҷазираи Кореяро коҳиш диҳанд.
Президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷэин дар вокуниш ба ин сӯҳбатҳои раҳбари Кореяи Шимолӣ истиқбол кард ва гуфт, ки ин музокирот бояд бо ҳалли масъалаи атоми Кореяи Шимолӣ ҳамроҳ бошад
Блоки рекламавӣ