Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасмим гирифтааст, брекданс, ки аз намуди рақси варзишист, аз бозиҳои олимпӣ низ бошад. Дар як қарори ин ниҳод гуфта мешавад, ки брекданс бо се намуди варзиши дигар муваққатан ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 ворид карда мешаванд.

Брекданс, скейтбозӣ, мавҷбозӣ (серфинг) ва шӯхпаймоии варзишӣ бо пешниҳоди кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҳамчун намудҳои муваққатӣ ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дар Париж ворид хоҳанд шуд.

Президенти КБО Томас Бах иброз доштааст, ки ин чор намуди варзиш дар Бозиҳои Париж-2024 ба баробарии гендерӣ, ҷалби ҷавонон ва шаҳрӣ кардани бозиҳо мусоидат хоҳанд кард.

Ин масъала дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи КБО 24-27 июн муҳокима хоҳад шуд.

Бо эҳтимоли зиёд барои ворид кардани ин намудҳо ба барномаи Бозиҳои олимпии соли 2024 розигӣ дода мешавад, вале онҳо бояд ба тамоми муқаррароти мавҷуда мутобиқат кунанд. Натиҷаи ниҳоӣ оид ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар ҷаласаи Кумитаи иҷрои КБО моҳи декабри соли 2020 гирифта хоҳад шуд.

Скейтбозӣ, мавҷбозӣ ва шӯхпаймоии варзишӣ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки бори аввал доир мегарданд, санҷида мешаванд. Брекданс низ, ки соли гузашта дар Бозиҳои олимпии наврасон намоиш дода шуд, қабл аз ворид гардиданаш ба барномаи Бозиҳои олимпии Париж-2024 аз ҷониби КБО назорат мешавад.

КБО ба масъалаҳои назорати варзиш, маъмурият, сатҳи мусобиқаҳо, сохтори доварон ва ҳакамӣ таваҷҷуҳ мекунад.

Тони Эстангет, ки ҳайати Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КБО роҳбарӣ менамуд, гуфт, пешниҳод оид ба ворид кардани чор намуди варзиш ба барномаи бозиҳо дар тамоми ҷаҳон пазируфта шудааст. Мақсади мо ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва аудиторияи Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь