Сардори женералитети Каталония Карлес Пучдемон изҳор кардааст, ки ин минтақа дар рӯзҳои наздик истиқлолияти худро аз Испания эълон хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ ҳукумати Каталония ин корро дар миёнаи ҳамин ҳафта ё оғози ҳафтаи нав анҷом хоҳад дод.

Раъйпурсӣ барои озодии Каталония, ки онро ҳукумати Испания қабул надорад, 1-уми октябр баргузор шуд. Дар баъзе аз қитъаҳои раъйдиҳӣ шаҳрвандон бо полис муноқиша карданд, ки аз ҳарду ҷониб захмиён ҳастанд.

Бино ба иттилои ҳукумати Каталония дар раъйдиҳӣ 2,2 миллион нафар ширкат карданд ва 90 дарсади онҳо ба тарафдоии истиқлолияти ин минтақа овоз доданд.

Шоҳи Испания Фелипеи 4 изҳор кардааст, ки ҳукумати Каталония бо баргузор кардани раъйпурсӣ рӯйрост аз тобеият сар тофтаааст, то Испанияро вайрон кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь