15-уми март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло бо иштироки сарояндагон ва шоирони кишвар баргузор гардид.

Маҳфили мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон шоир Мирзо Турсунзода баргузор шуд.

Камол Насрулло бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни 70-солагии зодрӯз бо медали ҷашнии 85-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар рафти маҳфил, хабар дода шуд, ки чунин маҳфилҳои ширушакар бо ширкати адибону сарояндаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ баргузор мегардад. 18-уми март дар Хонаи адибон маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим ба нақша гирифта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь