Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 20-уми августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.

Бо эҳтимоли рух додани чуин вазъ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд. Селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошта бошад.

Хуб мешуд агар аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чорвочаронӣ худдорӣ кунанд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез ҷиддан қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя кунанд, бахусус ҳангоми ҳаракат риояи фосила байни мошинҳо шарти муҳими бехатарист.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь