85 муассисаи таълимии ноҳияи Ёвон бо харҷи беш аз 1 миллиону 697 ҳазор сомонӣ таъмир шуда, ба соли нави хониш пурра омода шудаанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Исломиддин Нарсов гуфт, ки аз ин маблағҳо 1 миллиону 200 ҳазор сомониаш  аз ҳисоби буҷети ноҳия, 372 ҳазор аз ҷониби волидон ва 311 ҳазори дигараш аз ҳисоби дигар сарпарастон барои таъмири мактабҳо ҷудо гардида буд.

– Ҳоло дар ноҳияи мазкур 85 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 56 ҳазору 200 нафар хонанда таълим мегиранд. Ин мактабҳо пурра ба соли нави хониш омода шудаанд, – илова кард ӯ.

Муовини сардори Раёсати молияи ноҳияи Ёвон Асадулло Бекназаров дар мавриди ҷудо кардани маблағ барои таъмири мактабҳо чунин гуфт:

–  Имсол бояд аз ҳисоби буҷети ноҳия зиёда аз 3 миллиону 847 ҳазор сомонӣ маблағ  ҷудо карда мешуд. Мутаассифона, аз ин маблағҳо то имрӯз ҳамагӣ 31 дарсад, яъне 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, ҷудо гардидасту халос.

Ин масъули Раёсати молия сабаби ҷудо нашудани 2 миллиону 750 ҳазор сомонии дигар барои таъмири мактабҳоро баста шудани суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Вазорати молияи ва бемории сироятии каронавирус арзёбӣ кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь