Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 маросими “Рӯзи даъватшаванда” бо шукуҳу шаҳомати хоса доир карда шуд.
Нахуст бо ташаббуси бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр ба 340 ҷавоне, ки дар даъвати тирамоҳии соли 2024 ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд, дастархон ороста шуда, ба ҳамаи онҳо таоми гарм дода шуд. Инчунин, барномаи рангини фарҳангӣ ба хотири болидаруҳии навдаъватшавандаҳо манзур гардонида шуд.
Дар ин рӯз дар маркази ноҳия аз даромадгоҳи ҷамоати шаҳраки Ёвон то макони баргузории чорабинӣ, ки варзишгоҳи марказии ноҳия интихоб гардида буд, роҳпаймоии идона бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, наваскарон ва ҷавонону сокинон баргузор гардид.
Бо мақсади дар сатҳи баданди ташкили баргузор намудани Рӯзи даъватшаванда дар варзишгоҳи марказии ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур модари сарбози ихтиёрӣ Бобосолиева Саодат, даъватшаванда Буриев Шоҳрух сухан гуфта, барои хизмати минбаъда ба наваскарон далерию шуҷоӣ ва ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати Модар-Ватанро адо намудан, баҳри ҳифзу якпорчагии Тоҷикистони азиз сина сипар намудан, барору комёбӣ таманно намуданд.
Ба хотири болидаруҳии наваскарон ва падару модарон барномаи фарҳангӣ омода карда шуда, бо иштироки Ҳунаманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Сайнаков пешкаши ҳозирин гардонида шуд.