Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкорон бинои даҳошёна бо харҷи 18 миллион сомонӣ ва муассисаи томактабӣ  барои 350 кӯдак бо харҷи 21 миллион сомонӣ идома дорад.

Аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон  хабар доданд, ки дар ҷараёни сафари худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгир намудани толори варзишӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум ва ҳавзи шиноварӣ дар таҳхона дидан кард.

Арзиши лоиҳавии иншооти мазкур 18 миллион сомонӣ ҳисоб шуда, он аз 10 ошёна ва 100 манзили истиқоматӣ (42 манзили якҳуҷрагӣ ва 58 манзили дуҳуҷрагӣ) иборат хоҳад буд.

Дар сохтмони бинои истиқоматии мазкур барои зиёда аз 30 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб муҳайё гардидааст.

Бо бунёд гардидани ин истиқоматгоҳи баландошёна як гӯшаи шаҳраки Ёвон ободу зеботар гашта, 100 нафар сокини ноҳия бо манзили зист ва шароити хуби зиндагӣ таъмин хоҳанд гашт.

Тибқи нақша, бинои истиқоматӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, зиёда аз 25 ҷойи корӣ муҳайё хоҳад гашт.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин, аз боғчаи бачагонаи хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи А. Ғуломови шаҳраки Ёвон, боздид кард, ки айни замон сохтмонаш идома дорад.

Зикр гардид, ки дар калонтарин маҳаллаи шаҳраки Ёвон – маҳаллаи Ҷомӣ ду муассисаи томактабӣ мавҷуд бошад, ҳам ин талаботи зиёда аз 14000 сокини маҳаллиро қонеъ гардони наметавонад. Аз ҳамин ҷиҳат, соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло дар доираи иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон банақшагирифташуда тасмим гирифтааст, ки барои кӯдакони ин маҳалла як боғчаи нав созад.

Боғчаи мазкур аз се бино иборат буда, ба маблағи 21 миллион сомонӣ барои 315 нафар кӯдак бунёд карда мешавад. Бо бунёд ёфтани боғча 35 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Соҳибкор дар суҳбат бо раиси вилоят ваъда кард, ки иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь